г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj

Наврасони “гурӯҳи хатарнок”

Наврасони “гурӯҳи хатарнок”

Ба гурӯҳи хатарнок наврасоне шомил мешаванд, ки хусусиятҳои тараққиёти онҳо ба рафтор хатари ҷиддиро ташкил медиҳад. Якчанд категорияи онҳоро ҷудо кардан мумкин аст:
• Хонандагони сустхон;
• Хонандагоне, ки мактабро тарк намуданд ва ё доимо ғоиб ҳастанд;
• Наврасоне, ки рафторҳои беҷо мекунанд ( қонун вайронкунӣ ё ахлоқӣ);
• Наврасоне, ки аз хона мегурезанд;
• Наврасоне, ки маводҳои психотропикӣ истифода мебаранд;
• Гомосексуалҳо;
• Наврасоне, ки аз оилаи номусоид ҳастанд.

Муайян намудани ҳодисоти манфӣ дар наврасон мушкил аст пеш аз ҳама онҳо дар алоҳидагӣ набуда , балки ҳамдастии якчанд омилҳо мебошад. Чуноне, ки Б.Г.Ананев қайд карда буд, тараққиёти инсон аз якчанд омилҳо вобаста аст: ирсӣ, муҳит (иҷтимоӣ, биогенӣ, абиогенӣ), тарбия, фаъолияти амалии шахс. Барои фаҳмидани он, ки наврас ба гурӯҳи хавфнок дохил мешавад, якчанд омилҳоро ба эътибор гирифтан лозим аст.
Омили таваллакӣ – иҷтимоӣ, биологӣ, қувваҳои психологӣ, инчунин қувваҳое, ки бо ҳамкории муҳити гирду атроф алоқаманд буда, ба райроншавии рафтор оварда мерасонад. Дигар омилҳое ҳаст, ки наврасонро аз таъсиротҳои манфӣ ҳимоя мекунад, ки онро омили ҳимоякунӣ номида мешавад.
Омили ҳимоякунӣ он хусусиятҳои шахсият ё муҳити атроф мебошад, ки онҳо омили таваккалиро пешгирӣ менамоянд.
Ҳамин тариқ, ба омилҳои таваккалӣ ва муҳофизаткунӣ такя намуда, вазъияти ҳаёти наврасро таҳлил кардан мумкин аст.
Пеш аз ҳама ба омилҳои таваккалӣ дохил мешавад оилаи номусоид, бемориҳои соматикӣ, осебҳои вазнин. Бемории системаи марказии асаб хеле хавфнок буда, он ба вайроншавӣ ва дигаргуншавии шахсият оварда мерасонад. Дигар омил ин вазъиятҳои номусоид ва муносибати наврас бо ҳамсолони худ мебошад.
Дар аввал наврасоне, ки номустаҳкамии психикӣ доранд дида мебароем. Мафҳуми “номустаҳкамии психикӣ” гуногун маъно аст. Онро ҳамчун “беирода”, “тез талқиншаванда”, “табъи ноустувор” маънидод мекунанд. Ба инҳо дохил мешавад ҳодисотҳои пешинаи бемории органикии СМА – кӯдак инфантелизми “органикӣ”, ташаккули аномалии шахсият ва норасогии тарбия дар шароити беназоратӣ. Ин хел наврасон бо набудани ҳисси масъулиятшиносӣ, хоҳишҳои худро идора карда натавонистан, ба талаботи мактаб ҷавоб дода натавонистан фарқ карда меистанд. Онҳо тез ба машғулиятҳо шавқи худро гум мекунанд ва доимо ба дастгирии беруна (таъриф кадан, бахотироварӣ, дигар кардани фаъолият) ниёз доранд. Дар онҳо кӯшишҳои иродавӣ суст ташаккул ёфтааст, дар вақти дарс мушкил будан, баромада мераванд, дар кӯчаҳо сайру гашт карда мегарданд. Аз хона ё мактаб гурехтан реаксияи муҳофизатии онҳо мебошад.
Ҳамин тариқ, натиҷаҳои таҳқиқоти клиникӣ- психологӣ нишон медиҳад, ки вайроншавии рафтори наврасони номустаҳкамии психикӣ дошта бо тараққиёти аномалӣ ва номукамалии шахсияти онҳо алоқаманд аст.
Бо ин хел наврасон гузаронидани коррексияи педагогӣ- психологӣ бо ҳамкории табибон натиҷаи хуб медиҳад. Дар гузаронидани корҳои коррексионӣ барои ташаккули хусусиятҳои шахсӣ- худбаҳодиҳии дуруст, ҳисси масъулиятнокӣ ва қарз, фаъолияти мақсаднок равона бояд намуд.

Наврасон дар “гурӯҳи хавфнок”, ки ҳаяҷоннокии аффективӣ доранд.
Зоҳиршавии марказии ин мутобиқ нашудан ба мактаб- ҷаҳишҳои аффективӣ, ки нисбати ҳамсинфон ва калонсолон зоҳир мешавад. Ҳал кардани мухолифат бо роҳи агрессия, ки ин гуна наврасон барои атрофиён хавфнок мегарданд. Чунин харктеристикаҳои психологӣ ва таҳқиқи психологӣ нишон медиҳад, ки онҳо аз эътибори педагогӣ ақиб мондаанд, тасаввурот ва дониши номукаммал доранд, ақибмонӣ дар нутқ доранд, хондан намехоҳанд, бештар ба меҳнати ҷисмонӣ машғул мешаванд. Ҳамаи ин омилҳои иҷтимоӣ мебошад.ба омили биологӣ бошад, ки ба ҳаяҷоннокии аффективӣ такон медиҳад ин ба балоғатрасии барвақт ва инкишофи тези ҷисмонӣ мебошад. Дар генезис ҳаяҷоннокии аффективӣ бо норасогии органикии системаи асаб алоқаманд аст.
Наврасони боздорӣ дар тараққиёти психикӣ дошта.
Яке аз муаммоҳои асосӣ агар наврас дар тараққиёти психикӣ боздорӣ дошта бошад, зеро он дар рафтори ӯ якчанд мушкилиҳоро меорад. Аз ҳамин сабаб онҳо дар гузаронидани корҳои коррексионии педагогӣ- психологӣ ниёз доранд, зеро яке аз роҳҳои беҳтарин барои ин хел наврасон омода намудан ба фаъолияти меҳнатӣ мебошад. таҳқиқотҳои олимон, мушоҳидаҳо нишон дод, ки асосан мушкилии онҳо дар рафтор дида мешавад. Вайроншавии рафтор бо норасогии СМА (системаи марказии асаб) вобастагӣ дорад ва вобаста ба он вайроншавии равандҳои маърифатӣ, норасогии эмотсионалӣ, суръати афзоиши ҷинсӣ низ дида мешавад.
Дар ташаккули вайроншавии рафтор бешубҳа роли омили иҷтимоӣ, усулҳои нодурусти тарбия, муҳити гирду атроф, шароити номусоиди таълим, аз эътибори педагогӣ дур будани наврасон таъсир мекунад. Дар натиҷа дар онҳо майли ба нӯшокиҳои спиртӣ дода шудан, дар духтарон майли шаҳвонӣ , аз хона гурехтан, рафторҳои агрессивӣ дида мешавад.
Тавсияҳо:
Барои гузаронидани корҳои коррексионӣ ба наврасон мутахассисон кӯмак расонида метавонанд. Наврасони “гурӯҳи хавфнок” танҳо муносибати касбиро талаб мекунанд, то ки онҳо ёрӣ расонида тавонанд. Дар шароити таълимоти махсус, шароити мусоид, таъсироти касбӣ дар хислат ва рафтори онҳо дигаргуниҳои кулли ба вуҷуд меояд.

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj +992 44 6206146
X