Y G T

Загрузка сайта

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@moh.tj

Тонзиллит (ангина)

Тонзиллит (ангина)

Илтиҳоби бодомакҳо (Тонзиллит) – беморӣи сироятӣ мебошад, ки бо илтиҳоби маҳаллии як ё якчанд бодомакҳои ҳалқ, бештар бодомакҳои комакӣ зоҳир мешавад. Маъмултарин беморӣи сироятӣ дар ҷаҳон мебошад ва дарди гулӯ бошад маъмултарин шикоят ҳангоми муроҷиат барои ёрии тиббӣ мебошад.

Бодомакҳои комакӣ вазифаи ҳифзиро иҷро мекунанд, дар ташаккули масъунияти маҳаллӣ ва умумӣ иштирок мекунанд.

Сабаби тонзиллитҳо вирусҳо ва бактерияҳо мебошанд. Сироят тавассути роҳи ҳаво-чаккачакка ё тамосӣ-маишӣ рӯй медиҳад. Аксар вақт сабаби тонзиллит сирояти ковокии даҳон (дандонҳои кариесӣ ва ғайра) ва синусҳои гирди бинӣ мешавад. Бештар дар байни кӯдакон ва наврасоне мушоҳида мешавад, ки яхмос хӯрдан ва нӯшокиҳои хунук нӯшиданро дӯст медоранд, ки дар ин ҳолат барои афзоиши сироят шароити хуб ба вуҷуд меояд.

Аломатҳои тонзиллит

Давраи инкубатсионӣ (вақт аз ворид шудани омили беморӣ ба организм то инкишофи зуҳуроти клиникӣ) пурра аз хусусиятҳои вирус ё бактерия, инчунин ҳолати масъунияти инсон вобаста аст. Ҳангоми сироят бо стрептококк он ҳадди аксар панҷ рӯз давом мекунад, аммо бештар беморӣ дар давоми якчанд соат инкишоф меёбад.

Умумӣ барои ҳамаи намудҳои тонзиллитҳои тез инҳо мебошанд:

  • Дарди гулӯ, ки ҳангоми фурӯбурӣ шиддат меёбад, баъзан бо чунон шиддате, ки ба даст кашидан аз хӯрок оварда мерасонад;
  • Баланд рафтани ҳарорати бадан то 38-40°C;
  • Калон шудани гиреҳҳои лимфавии гардан;
  • Аломатҳои заҳролудшавӣ – эҳсоси нотандурустӣ, шикастагӣ, заифӣ.

Ҳангоми ошкор шудани ин аломатҳо набояд ба ваҳм афтод ва амалҳои бефикрона анҷом дод. Вазъиятро ором баҳо диҳед ва пайдарпаии зерини амалҳоро риоя кунед:

  • Пеш аз ҳама дар ин бора ба волидайн хабар диҳед.
  • Дар сурате, ки аломатҳо ниҳоят тез зоҳир шаванд – бояд фавран ёрии таъҷилӣ даъват карда шавад (телефони хизмати таъҷилӣ 103) ё ба наздиктарин нуқтаи ёрии тиббӣ (беморхона, поликлиника, нуқтаи фелдшерӣ) равона шавед;
  • Дар сурати шубҳа ба тонзиллити тез худтабобӣ накунед, балки барои кӯмак ба волидайн муроҷиат кунед ва пешниҳод кунед, ки ба табиби терапевт аз рӯи ҷоии қайд ё ба муассисаи дигари тиббӣ, ки метавонанд кӯмак расонанд ё ба мутахассиси мувофиқ равона кунанд, муроҷиат кунанд.

Пешгирии пайдоиши тонзиллити тез ба риояи гигиенаи шахсӣ ва нигоҳ доштани ҳолати системаи масъуният дар сатҳи зарурӣ хулоса мешавад: муҳим аст мутавозин ғизо хӯрдан, хоби кифоя кардан, мунтазам машқҳои ҷисмонӣ иҷро кардан ё намудҳои фаъоли истироҳатро амалӣ кардан.

Дар давраи паҳншавии сироятҳои тези вирусии нафаскашӣ аз ҷойҳои ҷамъшавии бисёри одамон худдорӣ кардан лозим аст.

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@moh.tj +992 44 6206146
X