Ихтилолот дар заминаи асабӣ
Дар организми инсон системаи асаб дар танзими кори ҳамаи узвҳо ва системаҳои бадани мо нақши пешбарро мебозад. Ғайр аз ин, он асоси психикаро ташкил медиҳад, яъне замин (ё модда) мебошад, ки дар он функсияҳои психикӣ инкишоф меёбанд: идрок, тафаккур, хотир, ҳиссиёт, ирода, хусусиятҳои шахсият.
Ҳолати системаи асаб ва психика мустақиман саломатии тамоми организмро муайян мекунад. Системаи асаб ва психикаи солим кори муқаррарии тамоми организмро таъмин мекунанд. Онҳо инчунин гирифторӣ ба беморӣҳои сироятӣ, реаксияҳои аллергиро муайян мекунанд ва ба қобилияти организм барои барқарорсозӣ таъсир мерасонанд.
«Заминаи асабӣ» номидан ҳар гуна беморӣҳоеро қабул кардаанд, ки аз дигаргуниҳо дар соҳаи психикӣ ба вуҷуд меоянд. Дар тиб инро психосоматика меноманд. Ба беморӣҳои психосоматикӣ рӯйхати калони ҳолатҳои патологӣ дохил мешаванд:
- Гипертония,
- Астмаи бронхиалӣ,
- Синдроми рӯдаи ҳассос,
- Экзема (баромад дар пӯст),
- Фарбеҳӣ ё лоғарии патологӣ,
- Гипертермияи генези марказӣ (баланд рафтани ҳарорат) ва ғайра.
Яъне ҳамаи ин ихтилолот дар «заминаи асабӣ» ба вуҷуд меоянд.
Аломатҳо ва шикоятҳои маъмултарин, ки метавонанд дар «заминаи асабӣ» ба вуҷуд оянд:
- Бехобӣ, бедоршавии барвақт ва зуд-зуд, мушкилии хобравӣ, хобоварӣ дар рӯз;
- Норасоии ҳаво, эҳсоси нафаскашии нопурра, тезшавии нафаскашӣ;
- Мавҷи гармӣ ё хунукӣ дар бадан, ларзиш;
- Эҳсоси ларзиши дохилӣ;
- Сардард, дард дар ҳар ҷои бадан;
- Эҳсоси вазнинӣ дар сина ё дар ҷои дигар;
- Гулӯла дар гулӯ, эҳсоси ҷисми бегона дар ҳалқ;
- Изтироб, маъюсӣ, бепарвоӣ;
- Тарсҳои васвасавӣ, шубҳаҳо, ҳаракатҳо;
- Ҳуҷуми фикрҳо, эҳсоси васвасавии гуноҳ ё ранҷиш;
- Баланд ё паст шудани ҳарорати бадан;
- Зиёд шудани вазн (фарбеҳӣ), кам шудани вазн (кахексия), тағйирёбии вазн;
- Баланд ё паст шудани фишори хун, ҷаҳиши фишор;
- Баромадҳои пӯстӣ бо ҳар шакл ва ҷойгиршавӣ;
- Дилбеҳузурӣ, қай, эҳсосоти нохуш дар шикам, исҳол ё қабзият;
- Зуд-зуд хоҳиши пешобкунӣ, эҳсоси пуршудани қовуқи пешоб, мушкилии пешобкунӣ;
- Ларзиш, эҳсоси «ларзиши дохилӣ»;
- Эҳсоси карахтшавӣ дар ҳар қисми бадан;
- Паст шудани хотира ё аз ҳад зиёд бахотиргирӣ;
- Ихтилоли диққат;
- Зиёд шудани гиряндагӣ ё набудани ҳиссиёт ва эмотсияҳо;
- Агрессивият, ранҷиш, кинаварӣ, интиқомҷӯӣ, эҳсоси тези адолатхоҳӣ, рашкварагӣ;
- Паст ё баланд шудани фаъолияти иродавӣ.
Муҳим: Шикоятҳои зикршуда метавонанд натиҷаи ихтилоли системаи асаб бошанд (яъне дар заминаи асабӣ ба вуҷуд оянд). Аммо бо чунин аломатҳо беморӣҳои муқаррарии соматикӣ низ зоҳир шуда метавонанд (илтиҳобҳо, ҷароҳатҳо, дистрофияҳо, ихтилолоти рагӣ, сироятҳо ва ғайра).
Бинобар ин, ҳатто агар шумо бо мавҷудияти якбора якчанд аломат аз ин рӯйхат дучор шудед, набояд ба ваҳм афтед ва амалҳои бефикрона анҷом диҳед, балки бояд пайдарпаии зерини амалҳоро риоя кунед:
- Пеш аз ҳама барои кӯмак ба волидайн, муаллим ё калонсоли дигар муроҷиат кунед.
- Дар сурате, ки аломатҳо ниҳоят тез зоҳир шаванд – бояд фавран ёрии таъҷилӣ даъват карда шавад (телефони хизмати таъҷилӣ 103) ё ба наздиктарин нуқтаи ёрии тиббӣ (беморхона, поликлиника) равона шавед;
- Дар сурати шубҳа ба ихтилолоти дар боло зикршуда худтабобӣ накунед, балки барои кӯмак ба волидайн муроҷиат кунед ва пешниҳод кунед, ки ба табиби терапевт аз рӯи ҷоии қайд ё ба муассисаи дигари тиббӣ, ки метавонанд кӯмак расонанд ё ба мутахассиси мувофиқ равона кунанд, муроҷиат кунанд. Ӯ муоина мекунад, ҳолатро муайян карда, ташхис мегузорад.