Y G T

Загрузка сайта

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@moh.tj

Дар бораи мо

Дар бораи мо

МУҚАДДИМА, РИСОЛАТ, АРЗИШҲО, МАҚСАДҲО ВА ВАЗИФАҲОИ СОЗМОН

Муқаддимаи мо – ҷаҳоне, ки дар он ҷавонон яке аз иштирокчиёни асосии рушди ҷомеа мегарданд ва имконоти худро дар такомули он сармоягузорӣ мекунанд.

Рисолати мо дар мусоидат ба баланд бардоштани имконот ва рушди мавқеи фаъолу мусбати кӯдакон ва ҷавонон барои иштироки минбаъдаи онҳо дар раванди рушди устувор мебошад.

Мо боварӣ дорем, ки ба овози ҷавонон бояд гӯш дод ва иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти ҷомеа ва кишвар бояд ҳавасманд кард. Ҷавонон бо шавқу ҳавас, нерӯ ва ғояҳои навини худ захираи стратегӣ барои ҳар як кишвар, бахусус барои кишварҳои рӯ ба инкишоф мебошанд. Бо дарназардошти он ки ҷавонони то 30-сола тақрибан 70%-и сохтори тамоми аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти кишвар вазифаи мубрам ва таъхирнопазир аст. Ҷавонон захираҳои гаронбаҳои инсонӣ мебошанд, ки барои таъмини рушди минбаъда, ҳам аз ҷиҳати афзоиши иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҳамбастагӣ дар ҷомеа зарур мебошанд.

Мо қадр мегузорем ба қувваи бебаҳои иҷтимоӣ ва эҷодии ҷавонон, қобилияти ташаккул додани равишҳо ва роҳҳои муосири ҳалли мушкилоти ҳаётии худ ва таъсири фаъолона ба пешгирии мушкилоти рӯзмарраи насли наврас дар маҷмӯъ. Мо ғояҳои мусбат ва ҷасуронаи ҷавонон, иштироки баробарҳуқуқ, созандаи онҳо ва худифодакунии онҳоро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ қадр менамоем.

Арзишҳои мо:

  • Кушодагӣ
  • Иштирок
  • Масъулият
  • Эҳтиром
  • Ҳамкорӣ
  • Саривақтӣ
  • Бемаҳалӣ
  • Ростқавлӣ
  • Ҷунбандагӣ
  • Серғайратӣ

Мақсадҳо ва вазифаҳои мо:

МАҚСАДИ №1:

Сифати хизматрасониро беҳтар ва миқдори хизматҳои созмонро васеъ намудан, ки дар давоми нақша пешбинӣ шудааст ба 25 000 кӯдак ва ҷавонони то 30-сола бо назардошти гендер (50/50) расонида шаванд.

ВАЗИФАИ 1.1.

Мустаҳкам кардани 26 малакаи маъмурӣ ва 12 малакаи барномавии кормандони созмон барои пешниҳоди 13 намуди хизматрасонии барномавӣ, ки дар вазифаҳои 3.1. ва 4.1. оварда шудаанд, инчунин ноил шудан ба мақсадҳои 2–6.

МАҚСАДИ №2:

Таҳкими ҳайати кадрии созмон дар давоми нақша барои пешниҳоди 13 хизмати барномавӣ ба кӯдакон ва ҷавонони то 30-сола.

ВАЗИФАИ №2.1.

Ташаккул додани мавқеи мусбати шаҳрвандии 20 ҷавонони 14–30-сола бо назардошти гендер (50/50) дар робита ба фаъолияти ихтиёрӣ тавассути иштироки ҳаматарафа ва худифодакунии онҳо дар чорабиниҳои созмон.

МАҚСАДИ №3:

Беҳтар кардани дастрасии 25 000 ҷавонони 14–30-сола аз 10¹ ноҳияи озмоишӣ ба донишу малакаҳои рафтори бехатар аз рӯи принсипи «Баробар ба баробар» ва 40%-и ин шумора ба хизматрасонии тиббӣ, равонӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хайрхоҳона.

(²Душанбе; Суғд: Б.Ғафуров, Истаравшан, Исфара, Қайроққум, Конибодом, Панҷакент, Хуҷанд, Чкаловск; Хатлон: Ёвон)

ВАЗИФАИ 3.1.

Огоҳ сохтани 25 000 ҷавонони 14–30-сола (бахусус ятимон) аз рӯи принсипи «Баробар ба баробар» бо назардошти гендер (50/50) аз 10 ноҳияи озмоишии ҶТ дар бораи рафтори хатарафзо:

– истеъмоли маводи мухаддир³,

– сирояти ВНМО/СИОҶ ва СИБ,

– пайдоиши ҳомиладории нохоста ва дигар оқибатҳои саломатии репродуктивӣ,

инчунин малакаҳое, ки ба пешгирии барвақти он мусоидат мекунанд.

(³хизмат)

МАҚСАДИ №4:

Дастгирии ташаббусҳои ҷамоатҳои ниҳоят камбизоати Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани шароит барои нигоҳдории саломатии 1000 кӯдак ва ҷавонони то 30-сола бо назардошти гендер (50/50).

ВАЗИФАИ 4.1.

Мусоидат дар нигоҳдории саломатии 1000 кӯдак ва ҷавонони то 30-сола (бахусус ятимон) бо назардошти гендер (50/50) тавассути омӯзонидани малакаҳои ҳаётӣ дар соҳаи саломатӣ аз роҳи васеъ кардани дастрасӣ:

– ба манбаъҳои бехатари об, санитария ва маърифатнокии гигиенӣ,

– ба омӯзиши малакаҳои мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим,

– ба аз худ кардани маҳорати истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия,

– ба омӯзиши қобилиятҳои рафтори бехатар дар шароити ҳаракати нақлиёт,

– ба малакаҳои пешгирии барвақти худкушӣ.

МАҚСАДИ №5:

Мусоидат ба ҳамгироии принсипи иштироки ҷавонон дар раванди банақшагирӣ, таҳия, рушд, амалисозӣ, мониторинг ва арзёбии барномаю лоиҳаҳо оид ба пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО ва нигоҳдории саломатӣ.

ВАЗИФАИ 5.1.

Шинос кардан бо иттилоот, дониш ва малакаҳои дар мақсади 5 зикршуда ҳадди ақал:

– 125 ҷавонони роҳбарони гурӯҳҳои ташаббускори ҷавонон, созмонҳои ҷавонон, шӯъбаҳои корҳои ҷавонон, мутахассисони бо ҷавонони 18–30-сола коркунанда бо назардошти гендер (50/50);

– 100 шахсони қарорқабулкунанда (сиёсати ҷавонон, тандурустӣ, маориф, иҷрокунандагони маҳаллии мақомоти ҳокимият, роҳбарони ҷамоатҳо) дар сатҳи баланди байналмилалӣ, миллӣ ва муниципалӣ;

– 50 намояндаи ВАО-и байналмилалӣ, миллӣ ва маҳаллӣ.

МАҚСАДИ №6:

Ҳамкорӣ бо шарикони кунунӣ ва на камтар аз 50 созмонҳои нави шарикии давлатӣ, байналмилалӣ, миллӣ ва маҳаллӣ дар роҳи ноил шудан ба мақсадҳои 1–5.

ВАЗИФАИ 6.1.

Мустаҳкам кардани ҳамкорӣ бо созмонҳои кунунӣ, ошкор ва барқарор кардани ҳамкорӣ бо ҳадди ақал 50 созмони нави давлатӣ, байналмилалӣ, миллӣ ва маҳаллӣ дар роҳи ноил шудан ба мақсадҳои 1–5.

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@moh.tj +992 44 6206146
X