Y G T

Загрузка сайта

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@moh.tj

ВНМО/БПНМ

Сирояти ВНМО ва пешгирии он

Сирояти ВНМО – ин беморие аст, ки ҳангоми ворид шудани вируси норасоии масъуният ба организми инсон ба вуҷуд меояд.

БПНМ – ин ихтисораи Аломатҳои Норасоии Бадастовардаи Масъуният мебошад. Ин марҳилаи охирини сирояти ВНМО аст.

ВНМО – ин вируси ғайриоддӣ аст, зеро инсон метавонад солҳои зиёд сироятёфта бошаду дар айни замон комилан солим ба назар расад. Аммо вирус тадриҷан дар дохили организм афзоиш меёбад ва дар ниҳоят қобилияти организмро барои мубориза бо сироятҳо ва беморӣҳо нобуд мекунад ва ҳуҷайраҳои хунро, ки қисми системаи масъунияти (ҳифзии) организм мебошанд, несту нобуд мекунад. Агар инсон сироятёфта бошад, ин маънои онро надорад, ки дар ҳамон лаҳза БПНМ инкишоф меёбад. Вирус метавонад даҳ ва зиёда аз даҳ сол дар организм бошад, пеш аз он ки инсон ягон аломати беморӣро ҳис кунад. Дар давоми ин давра инсон метавонад комилан солим ба назар расаду худро солим ҳис кунад, аммо дар айни замон ин вирусро ба дигарон интиқол диҳад.

Ба ин тартиб:

  • шахс метавонад ВНМО-ро гирад ва аз ин огоҳ набошад;
  • шахс метавонад ВНМО-ро ба дигарон интиқол диҳад ва аз ин хабар надошта бошад.

Дар айни замон доруе вуҷуд надорад, ки ВНМО-ро дар организми инсон нобуд карда тавонад, аммо препаратҳое ҳастанд, ки саломатиро дастгирӣ карда, инкишофи БПНМ-ро суст мекунанд, ва ваксинае нест, ки пеши сироятро гирад. Барои пешгирии сироят риояи тадбирҳои пешгирӣ зарур аст.

Пешгирии сирояти ВНМО

Пешгирии сироят аз риояи қоидаҳои зерин иборат аст:

– Аз шарикони тасодуфии ҷинсӣ худдорӣ кунед. Ин муҳимтарин қоида аст! Ҳангоми ҳар гуна тамоси ҷинсӣ ҳамеша аз презерватив истифода баред.

– Аз истеъмоли маводи мухаддир даст кашед. Дар зери таъсири онҳо инсон назоратро аз даст медиҳад ва метавонад сӯзани шахсеро истифода барад, ки аллакай ба сирояти ВНМО гирифтор аст.

– Барои пешгирии интиқоли сироят аз модар ба кӯдак, бояд дастурҳои табиби муолиҷакунандаро риоя кард. Аз ҷумла, бояд аз ширдиҳии модарӣ даст кашид.

– Мунтазам аз рӯи мавҷудияти ВНМО муоина шавед. Агар сироят ошкор шуда бошад, фавран ба табобати саривақтӣ ва мувофиқ, ки аз ҷониби табиб таъин шудааст, шурӯъ кунед.

Бо саволҳо ё барои машварат бояд ба кабинетҳои дӯстона (беномӣ) дар назди марказҳои саломатӣ муроҷиат кунед, ки дар онҷо табиби боваринок қабул мекунад. Дар сурати набудани чунин кабинетҳо, метавонед бевосита ба табиби оилавии худ муроҷиат кунед.

Муҳим: усулҳои муосири самараноки пешгирии пайдоиши БПНМ барои солҳои тӯлонӣ, баъзан барои тамоми умр, вуҷуд доранд. Табобати муосири мувофиқ вайроншавии системаи масъунияти шахси сироятёфтаро қатъ мекунад.

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@moh.tj +992 44 6206146
X