Беморӣҳои дандонпизишкӣ
Беморӣҳои дандонпизишкӣ на танҳо патологияҳои худи дандонҳо, балки инчунин ковокии даҳон дар маҷмӯъ, милкҳо, инчунин мушакҳои ҷавидан ва ҷоғро дар бар мегиранд. Ба онҳо дохиланд: стоматит, кариес, пародонтит, периодонтит ва ғайра.
Хусусияти дандонҳои наврасон
Дандонҳои наврасон дар ҳамон ҳолати гузариш қарор доранд, ки соҳибонашон – аллакай дандонҳои ширии кӯдакона нестанд, аммо комилан калонсолона ҳам нестанд. Газиши доимӣ ташаккул ёфтааст, дандонҳо ба доимӣ иваз шудаанд, аммо сохтори ин дандонҳо ҳанӯз комил нест.
Сабабҳои инкишофи кариес дар наврасон:
- Зуд-зуд истеъмоли қанд ва дигар карбогидратҳои зудҳазмшаванда;
- Миқдори кислотае, ки дар маҳсулот ё нӯшокӣ мавҷуд аст;
- Давомнокии вақти мондани маҳсулоти ғизоӣ дар сатҳи дандон;
- Қобилият ба ташаккули ҷирми дандон.
Марҳилаҳои инкишофи кариес:

Инчунин ин беморӣҳо метавонанд аз як қатор сабабҳои дигар ба вуҷуд оянд:
- Гигиенаи номуносиби ковокии даҳон;
- Пешгузинии ирсӣ;
- Ҷароҳатҳо ва осебҳои механикӣ;
- Ихтилолоти равандҳои мубодилавӣ дар организм;
- Беморӣҳои музмин;
- Омилҳои номусоиди муҳити атроф;
- Истеъмоли аз ҳад зиёди нӯшокиҳо ва ғизои хеле гарм ё хеле хунук.
Пешгирӣ
Дандонҳоро дар синни наврасӣ на камтар аз 2 маротиба дар рӯз, пас аз наҳорӣ ва пеш аз хоб тоза кардан лозим аст. Мисвоки дандон дар зери кунҷи 45 дараҷа ба сатҳи дандон гузошта мешавад. Сари мисвоки дандон одатан 2-3 дандонро фаро мегирад.
Мисвоки дандон барои мактаббача бояд мувофиқи синну сол интихоб шавад, мӯяки он бояд нарм бо нӯгҳои мудаввар бошад.
Интихоби хамираи дандон аз синни кӯдак ва дараҷаи шиддати кариес вобаста аст. Барои мустаҳкам кардани мино ва бартараф кардани кариес дар марҳилаи доғи сафед истифодаи воситаҳои реминерализатсиякунанда мумкин аст. Интихоби хамираи мувофиқи дандонро бояд ба дандонпизишк супурд.
Фосилаҳои байни дандонҳо барои гигиенаи ковокии даҳон душвортарин ноҳия мебошанд. Ресмони дандон (флосс) кореро иҷро мекунад, ки мисвоки дандон аз ӯҳдааш намебарояд. Он барои тоза кардани порчаҳои ғизо ва ҷирм аз фосилаҳои байни дандонҳо таъин шудааст.
Барои ташхиси барвақти кариес ва оқибатҳои он ташрифи дандонпизишк ду маротиба дар сол зарур аст, дар сурати мавҷудияти мушкилиҳо – бештар (3-4 маротиба дар сол).