Y G T

Загрузка сайта

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@moh.tj

Ревматизм

Ревматизм

Ревматизм – беморӣи тези табиати сироятӣ-аллергӣ мебошад, ки бо зарарҳои устувор ҳам ба бандҳо ва ҳам ба дигар сохторҳо зоҳир мешавад: дил, шуш, ҷигар, пӯст, узвҳои биноӣ ва дигар системаҳои организм.

Сабабҳои инкишофи беморӣ

Вақте ки табиати сироятӣ-аллергӣ мегӯянд, маънои он аст, ки реаксияи аллергие, ки аз сироят ба вуҷуд омадааст, бафтаҳои худи организмро вайрон мекунад. Асосан ба ин сироят стрептококкҳои гурӯҳи А тааллуқ доранд, ки сабаби инҳо мешаванд:

  • Ангина;
  • Скарлатина;
  • Фарингит;
  • Тонзиллити музмин.

Ин ҳолатҳо фаъолнокии баланди системаи масъуниятро бармеангезанд, ки он шурӯъ ба истеҳсоли антителаҳои махсус барои сарпӯш кардани стрептококк мекунад. Антителаҳо молекулаҳои омили беморӣро аз рӯи сафедои махсус ошкор мекунанд, аммо азбаски дар бафтаҳои пайвасти бисёр узвҳои инсон моддаи аз ҷиҳати таркиб монанд мавҷуд аст, ҳуҷум ба ҳуҷайраҳои худи организм низ сурат мегирад. Дар натиҷа раванди илтиҳобии аутоиммунӣ инкишоф меёбад.

Сабаби инкишофи беморӣ дар кӯдакон ва наврасон инчунин пешгузинии ирсӣ ҳисобида мешавад, вақте ки дар яке аз волидайн ё дигар хешовандони наздик пештар ревматизм ташхис гузошта шуда буд.

Омилҳои хатар, ки дар онҳо эҳтимоли пайдоиши патология зиёд мешавад:

  • Стрессҳои зуд-зуд;
  • Хунукшавии мунтазами организм;
  • Нодуруст интихоб шудан ё дер шудани табобати сироятҳои стрептококкӣ;
  • Норасоии баъзе витаминҳо, макро- ва микроэлементҳо дар организми кӯдак;
  • Ғизохӯрии номуносиб;
  • Мавҷудияти дигар беморӣҳои аутоиммунӣ (лупуси сурхи системавӣ, псориаз, эритемаи гиреҳдор ва ғайра).

Аломатҳо

  • Дард, нороҳатӣ дар бандҳо;
  • Деформатсияи пайвастагиҳои бандӣ;
  • Варам, сурхшавии пӯст дар ноҳияи банди зарардида;
  • Тонуси заифи мушакҳо;
  • Ҷаҳиши фишори хун;
  • Садо дар гӯш;
  • Нафастангӣ, ки ҳангоми хӯрок, пас аз бори ҷисмонӣ, баланд рафтан аз зинапоя ё ба теппа, ҳангоми ҳаяҷон шиддат меёбад;
  • Бемадорӣ;
  • Зуд мондашавӣ;
  • Тадриҷан баланд рафтани ҳарорати бадан.

Хусусияти асосии ревматизм дар кӯдакон – зарари махсуси системаи дил (ревмокардит) мебошад, ки тақрибан дар 100% ҳолатҳо мушоҳида мешавад. Аломатҳо инҳоро дар бар мегиранд:

  • Дардҳои дил бо шиддати гуногун;
  • Ихтилоли зарбони дил аз набзи тез то суст;
  • Мушкилии нафаскашӣ;
  • Сулфа;
  • Калон шудани ҷигар, ки боиси вазнинӣ дар ноҳияи рости зери қабурғаҳо мегардад.

Ревматизм, ки бо ревмокардит мегузарад, дар кӯдакон варами поҳо, пуфидагии рӯй, рангпаридагии пӯстро ба вуҷуд меоварад.

Аломати хоси ревматизм дар кӯдакони синни хурди мактабӣ ва наврасон – эритемаи ҳалқашакл мебошад. Он баромадҳои махсуси пӯстии ранги гулобии кам-рангро дар шакли ҳалқаҳо ташкил медиҳад, ки дар сина ва шикам ҷойгир мешаванд.

Пешгирӣ

Барои кам кардани хатари инкишофи ревматизм дар синни кӯдакӣ мутахассисон тавсия медиҳанд:

  • Ваксинатсияи пешгирии кӯдаконро гузаронидан;
  • Беморӣҳои тези сироятиро дар шароити хонагӣ мустақилона ё бо усулҳои мардумӣ табобат накардан, ҳамеша барои кӯмак ба табибон муроҷиат кардан;
  • Кӯдаконро обутоб додан, сатҳи кифоягии бори ҷисмониро мувофиқи синну сол ва омодагии кӯдакон таъмин кардан;
  • Ғизохӯрии кӯдаконро назорат кардан, ба таоми мутавозин риоя кардан;
  • Мунтазам тозакунии каноҳои музмини илтиҳобро дар организм гузаронидан.

Кӯдакони беморӣҳои бандҳо ва системаи дилу рагҳо дошта бояд доимо таҳти назорати тиббӣ бошанд, мунтазам муоинаҳои пешгирӣ гузаранд ва доруҳои зарурӣ қабул кунанд.

Баҳодиҳии аломатҳо, ташхис, табобат ва пешгирии ревматизм дар кӯдаконро табибони ревматолог бо иштироки педиатрҳо, инфексионистҳо, аллергологҳо ва дигар мутахассисони танг анҷом медиҳанд.

Ба шумо бошад набояд ба ваҳм афтед ва амалҳои бефикрона анҷом диҳед. Вазъиятро ором баҳо диҳед ва пайдарпаии зерини амалҳоро риоя кунед:

  1. Пеш аз ҳама барои кӯмак ба волидайн, муаллим ё калонсоли дигар муроҷиат кунед.
  2. Дар сурате, ки аломатҳо ниҳоят тез зоҳир шаванд (дардҳои дил бо шиддати гуногун, ихтилоли зарбони дил аз набзи тез то суст, мушкилии нафаскашӣ, сулфа) – бояд фавран ёрии таъҷилӣ даъват карда шавад (телефони хизмати таъҷилӣ 103) ё ба наздиктарин нуқтаи ёрии тиббӣ (беморхона ё поликлиника) равона шавед;
  3. Дар сурати шубҳа ба ин патология худтабобӣ накунед, балки барои кӯмак ба волидайн муроҷиат кунед ва пешниҳод кунед, ки ба табиби терапевт аз рӯи ҷоии қайд ё ба муассисаи дигари тиббӣ, ки метавонанд кӯмак расонанд ё ба мутахассиси мувофиқ равона кунанд, муроҷиат кунанд.
г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@moh.tj +992 44 6206146
X