Ихтилоли давраи ҳайз
Ҳайз қисми давраи ҳайз мебошад, ки организмро тавассути дигаргуниҳои гормоналӣ ва ҷисмонӣ ба ҳомиладорӣ омода мекунад. Агар ҳомиладорӣ ба вуҷуд наояд, организм ба ҳолати аввала бармегардад ва давраи нав оғоз мешавад. Давомнокии давраи ҳайз одатан тақрибан 28 рӯз мебошад, аммо тағйирот аз 21 то 35 рӯз муқаррарӣ ҳисобида мешавад. Дар наврасон давомнокии ҳайз одатан 3-7 рӯзро ташкил медиҳад. Дар давоми ду соли аввал пас аз ҳайзи аввалин давра метавонад бетартиб бошад ва барқарор шудани тартиби муқаррарӣ то ду сол вақт гирифтанаш мумкин аст. Балоғати ҷинсӣ одатан то 18-солагӣ ба анҷом мерасад.
Муҳим аст ба синне, ки дар он нишонаҳои дуюми ҷинсӣ пайдо мешаванд, диққат дод, аз қабили зиёд шудани суръати қадкашӣ, дигаргунии шакли бадан ва калон шудани ғадудҳои ширӣ. Ин дигаргуниҳо одатан тақрибан дар 10-солагӣ оғоз мешаванд ва сипас нишонаҳои дигар, аз қабили мӯйрӯии лобок ва дигар қисматҳои бадан пайдо мешаванд.
Аммо ихтилоли давраи ҳайз чист?
Мунтазамӣ ва шиддати ҳайз дар наврасон метавонад ба омилҳои гуногун ҳассос бошад. Вале кай бояд хавотир шуд?
Инак ҳолатҳои асосие, ки бояд диққат дод:
- Агар ҳайзи аввалин то 15-солагӣ нашуда бошад ё инкишофи ғадудҳои ширӣ то 13-солагӣ оғоз нашуда бошад.
- Агар ҳайз ногаҳон барои зиёда аз се моҳ қатъ шуда бошад.
- Агар давраи ҳайз пас аз барқарор шудан (пас аз 18-солагӣ) бетартиб шуда бошад.
- Агар давраи ҳайз камтар аз 21 рӯз ё зиёда аз 40 рӯз давом кунад.
- Агар хунравии ҳайз зиёда аз ҳафт рӯз давом кунад.
- Агар хунравии ҳайз аз муқаррарӣ шадидтар бошад ё зудтар иваз кардани тампон ё ҳашак талаб шавад.
- Агар байни давраҳои ҳайз хунравӣ ба вуҷуд ояд.
- Агар ҳайз бо дардҳои шадид ҳамроҳ бошад.
Ҳангоми ошкор шудани ин аломатҳо бояд фавран ба табиби оилавӣ ё маркази машварат барои наврасон муроҷиат кард. Муҳим аст дар хотир доштан, ки набояд ба ваҳм афтод ё амалҳои бефикрона анҷом дод. Ба ҷои ин вазъиятро ором баҳо диҳед ва пайдарпаии зерини амалҳоро риоя кунед:
Пеш аз ҳама барои кӯмак ба волидайн, муаллимон ё калонсолони дигаре, ки ба онҳо эътимод доред, муроҷиат кунед.
Агар шумо ба ихтилоли давраи ҳайз шубҳа доред, худтабобӣ накунед. Барои кӯмак ба волидайн муроҷиат кунед ва пешниҳод кунед, ки ба табиби оилавӣ муроҷиат кунанд, ки метавонад ба шумо машварат диҳад ё ба мутахассиси мувофиқ равона кунад.
Муҳим аст дар хотир доштан, ки аз пурсидани саволҳо дар ин мавзӯъ ва муроҷиат барои кӯмак ба табиб шарм доштан лозим нест. Саломатӣ ва некуаҳволии шумо аз ин вобаста аст.