Y G T

Загрузка сайта

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@moh.tj

Ихтилолоти диспептикӣ

Ихтилолоти диспептикӣ

Диспепсия – ин ҳолате мебошад, ки бо ихтилоли кори муқаррарии меъда тавсиф мешавад. Он бо эҳсосоти гуногуни нохуш ё эҳсоси вазнинӣ (пуррагӣ) дар қисми болоии шикам зоҳир мешавад. Ин нороҳатӣ метавонад новобаста аз хӯроки ғизо ба вуҷуд ояд ва бо аломатҳое чун дилбеҳузурӣ, пуфидани шикам, сӯзиши меъда ва оруқзанӣ ҳамроҳӣ кунад.

Сабабҳои диспепсия:

Диспепсия метавонад аз механизмҳои гуногуни патологӣ ба вуҷуд ояд. Сабабҳои асосии диспепсия инҳо мебошанд:

  • Ихтилолоти асабӣ ва ҳолатҳои стрессӣ.
  • Сироятҳои гузашта.
  • Ихтилоли ғизохӯрӣ.

Беморӣҳои алоқаманд:

Дар байни беморӣҳое, ки аксар вақт бо аломатҳои диспепсия ҳамроҳӣ мекунанд, махсусан муҳим аст зикр кардани:

  • Гастрити музмин.
  • Гастродуоденит.
  • Захми меъда ва рудаи дувоздаҳангуштӣ.

Ин беморӣҳо аксар вақт дар наврасон ва ҷавонон дучор мешаванд, бахусус ҳангоми ғизохӯрии нодуруст ва бетартиб.

Дар солҳои охир ба сирояти Helicobacter pylori (H. pylori) дар инкишофи аломатҳои диспепсия аҳамияти калон дода мешавад. Ин микроорганизм ғишои луобии меъдаро зарар мерасонад ва метавонад захм ба вуҷуд орад.

Аломатҳои диспепсия инчунин метавонанд бо фишори паст шудани хун ҳамроҳӣ кунанд.

Омилҳои хатар ва шароитҳои мусоидаткунанда:

  • Ихтилоли тартиби ғизохӯрӣ, фосилаҳои тӯлонӣ байни хӯроки ғизо.
  • Хӯрдани ғизо дар роҳ, бидуни вақт ва диққати зарурӣ.
  • Истеъмоли зиёди маҳсулоти масолаҳдор, турш, тунд ва бирён.
  • Истеъмоли ғизои хеле гарм ё хеле хунук.
  • Сигоркашӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, бахусус нӯшокиҳои сахти спиртӣ, инчунин қаҳва.
  • Диабети қанд.
  • Беморӣҳои гурда.
  • Сӯхтагиҳо, ҷароҳатҳои ҷиддӣ ва дигар сабабҳои дарди шадид.

Пайдоиши аломатҳои диспепсия муроҷиат ба табиби терапевт ё табиби оилавиро талаб мекунад. Муҳим аст, ки вазъиятро ором баҳо диҳед ва тавсияҳои зеринро риоя кунед: Пеш аз ҳама барои кӯмак ба волидайн, муаллимон ё калонсолони дигар муроҷиат кунед. Дар сурати зуҳуроти ногаҳонии аломатҳо (сӯзиши меъда, дилбеҳузурӣ, қай, исҳол) бояд фавран ёрии таъҷилӣ даъват карда шавад (телефони хизмати таъҷилӣ 103) ё ба наздиктарин муассисаи тиббӣ (беморхона, поликлиника, нуқтаи фелдшерӣ) муроҷиат карда шавад. Ҳангоми шубҳа ба патология худтабобӣ накунед. Тавсия дода мешавад, ки барои кӯмак ба волидайн муроҷиат кунед ва пешниҳод кунед, ки ба табиби терапевт ё мутахассиси дигари тиббӣ аз рӯи ҷоии қайд ё дар муассисаи дигари тиббӣ, ки метавонанд ёрии зарурӣ расонанд ё ба мутахассиси мувофиқ равона кунанд, муроҷиат кунанд. Табиб пас аз муоина маҷмӯи тадқиқотҳои асбобӣ ва лабораторӣ таъин мекунад ва дар ҳолати зарурат ба машварати гастроэнтеролог, ҷарроҳ ё кардиолог равона мекунад. Муҳим аст, ки ором бошед, доруҳоеро, ки аз ҷониби табиб таъин нашудаанд, қабул накунед ва амалҳои дигареро, ки аз ҷониби мутахассис тавсия нашудаанд, анҷом надиҳед. Дар хотир доред, ки муроҷиати саривақтӣ ба табиб ба шумо имконият медиҳад ёрии зарурӣ гиред ва чораҳои минбаъдаи табобат ва тавсияҳоро муайян кунед.

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@moh.tj +992 44 6206146
X