г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj

Муаммо дар муносибати наврас бо калонсолон

Муаммо дар муносибати наврас бо калонсолон

 Муаммо дар муносибати наврас бо калонсолон

  Ба муаммои муносибати байниҳамдигарии наврас ва падару модарон диққати махсус бояд дод.  Дар ин вақти хеле пурҷӯшу хурӯш, ташаккули шахсият ва мустақилӣ бисер ҳолатҳои асабнокӣ, комплексҳои норасогӣ ба вуҷуд меояд, ки он ба ояндаи ҳаёт  таъсири  манфии худро мерасонад. Барои пегирӣ намудани низоъҳо байни одамон ва роҳҳи аз он баромаданро кор карда баромад. Аввал  бояд муайян намуд, ки дар оила чӣ шуда истодааст. Бояд бодиққат  сабаби ба вуҷуд омадани мухолифат ва роҳҳи ҳалли онро коркард намуд.  

 



Наврасон ва падару модарон

Шумо чӣ фикор доред, оё  ба боварии падару модар сазовор шуда мешавад? Албатта! Ҳатто дили ҳамин қадар , волидайн ҷиддиро ба даст овардан   мумкин аст.  Барои ин таҳлили психологии худро мегузаронем.  Ин аввалин тест  барои наврасон дар муносибат бо падару модарон аст.

 Дар аввал, ҳамаи наврасон бояд дарк намоянд, ки , барои чӣ падару модарон бисёр вақт онҳоро ҷиддӣ дар таҳти назорат мегиранд ин аз сабаби он ки онҳо фарзандони худро дӯст медоранду ғамхорӣ мекунанд. Онҳо аз он метарсанд, ки дар ин замони пур аз нохушиҳо бо онҳо ягон ҳодисаи бад, талафот  нашавад, бо таъсири одамон ба ягон роҳи  бад нараванд, ҳоло хеле ҷавонанд ва таҷрибаи ҳаётӣ надоранд. Волидайн ба он шахсоне, ки ту бо онҳо вомехӯрӣ шавқи “нодуруст” зоҳир намоянд, ту бояд бидонӣ , ки волидайн дар хавотир ҳастанд, вале бо ту роҳи муносибатро намедонанд. Барои ҳамин ҳам ба ту ҳар хел саволҳо дода донистанӣ мешаванд, вале ин муносибатҳо туро асабӣ мекунад. Ҳа онҳо аз рӯи рост пурсидан метарсанд, аз он ки ту дигар хел мефаҳмӣ ё даррав қаҳр мекунӣ. Дар ин вақт ту ҳам айбдор ҳастӣ: бештар бо онҳо  бо масъалаҳои гуногун кушоду равшан сӯҳбат кун. Дар он вақт волидайн ба ту бовар  мекунанд ва кушоду равшан сӯҳбат мекунанд. Принсипи хуб: кушоду равшанӣ  барои кушоду равшан будан !

Яке аз намудҳои фоидаоварӣ ба боварӣ сазовор шудан  ин нишон додани он, ки ту қобилияти кор кардан дорӣ, ту меҳнадӯтӣ ва меҳнати волидайнро қадр мекунӣ. Ин ба онҳо хеле  хуб таъсир мекунад!

 Агар бо муаммоҳои онҳо шавқманд шуда, ба муваффақиятҳои онҳо ҳамроҳ хурсанд шавӣ мухолифатҳои тезу тунд паси сар мешавад. Онҳо нисбат ба ту хеле ҳалим ва меҳрубон мешаванд. Ҳатто аз он пурсон шав, ки қаҳрамонони сериалҳои онҳо дӯст медошта чӣ  шудааст, онҳо аз ту хеле миннатдор мешаванд.

 Ростқавлиро ташаккул дода наздиконро фиреб надеҳ, ҳатто иқрор шудан дар рафтори ноҷоя тҷ бештар ба боварӣ сазовор мешавӣ. Мумкин онҳо нагӯянд, ки духар ё писари идеалӣ доранд, вале онҳо аз қафои ту намепоянд, бовар кун, онҳо рафтори туро қадр мекунанд.

 Албатта сухани худро нигоҳ доштан хеле мураккаб аст, зеро хотирфаромӯшӣ низ ҳаст. Агар  бо худат бовари надошта бошӣ, ҳеҷ гоҳ ваъда надеҳ. Ба ҳамин рафтор одат мекунӣ, ки он ба ту на танҳо дар ҳаёти оилавӣ, балки тамоми умр зарур аст.

г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj +992 44 6206146
X