Навраси мушкил
Навраси мушкил – ин шахсе, ки рафтор, ахлоқи ӯ ба меъёрҳои қабулкардани ҷамъиятӣ рост намеояд, аксаран ин гапнодароӣ, аз хона гурехтан, истифодаи маводҳои мадҳушкунанда, қонунвайронкунӣ, ҷиноятҳои гуногунро содир кардан ва ғайраҳо мебошад.
Шумораи мушкилиҳо, дигаргуншавии характер ва рафтори наврас бештар субъективона баҳогузорӣ карда мешавад. Кӯдаки дар коммуникатсия мушкилӣ дошта, ба муҳити иҷтимоӣ мутобиқ нашуда, дар вақти калон шудан ба навраси мушкил табдил меёбад. Интизории волидайн, ки кӯдак бо мурури вақт мушкилиҳои ӯ бартараф мешаванд, нодуруст буда, баракс он ба варианти вазнини муносибати байниҳамдигарӣ мубаддал мегардад.
Дар ин ҳолат бо наврасон аз рӯи барномаи коррексионӣ амал кардан лозим то ӯ боз ҳам ба мушкилиҳои иҷтимоӣ дучор нагардад.Барои он, ки рафторҳои ӯ ҳам барои худаш ва ҳам ба атрофиён хавфнок шуда истодааст. Дар наврас яку якбора реаксияҳои аффективӣ зоҳир мешавад, ки худаш онро идора карда наметавонад. Аз ҳамин сабаб дахолати мутахассис тавсия карда мешавад. Баъзан рафтори наврас реаксияи худмуҳофизатӣ ба муносибати дағалона шуданаш ҳам аз эҳтимол дур нест.
Сабабҳо
Яке аз сабабҳои дигаргуншавии рафтор наврас ин бо афзоиши гормоналии организм вобастагӣ дорад. ташаккулёбии системаи ҷинсӣ, ба вуҷуд омадани нигоҳи шахсӣ ба атроф, майли алоқа намудан на танҳо ба нафаҳмидани маромҳои худ , инчунин ба баландшавии агрессивнокӣ , асосан байни писарон дида мешавад.
Дигаргуншавии гармоналӣ ба тағирёбии тан, овоз, инкишофи узвҳои ҷинсӣ оварда мерасонад. Ин раванд чунин бо чунин суръати тез мешавад, ки психика мутобиқ шуда наметавонад ва дар натиҷа наврас якчанд комплексҳо пайдо мекунад. Маҳз паст шудани худбаҳодиҳӣ, норасогии идроки ҳақиқӣ нисбат ба худ ҳисси танҳогӣ , дур шудан аз дигарон, реаксияи тез ба ҳар як эрод ё коментария, баландшавии агрессия ҳамчун воситаи аз ҳар гуна осебҳои психологӣ истифода карда мешавад.
Ҳамаи ин ҳолати наврасро ба дигаргуншавии гармоналӣ вобаста карда намешавад, зеро наврасоне ҳастанд, ки ҳамин давраро гарчанде мушкил гузаронанд ҳам вале чунин дигаргун намешаванд.
Дигар сабаби асоси ин муносибати байни шахсии падару модарон нисбати наврас дар оила мебошад.