Наврасон: Муаммои муошират бо ҳамсолон ва ҳалли он
Синни наврасӣ – саҳнаест барои гузарониани машқ ва қадам ба ҳаёти калонсолон. Ин ҳамон давраест, ки муносибат бо дигар одамон дар мадди аввал меистад. Аз ин сабаб саволе ба миён меояд кадом хусусиятҳои муошират дар синни наврасӣ аз ҳама заруртаран?
Хусусияти № 1: вақти худмуайянкунӣ. Яке аз масъалаҳои асосии синни наврасӣ ин худмуайянкунӣ мебошад. Наврас ба чунин саволҳо ҷавоб бояд дод: “ман кистам?”, “Ман чӣ гуна ҳастам?”, “барои чӣ ман?”, “давомаш чӣ?”.
Агар бо падару модар муносибати хуб бошад, пас он барои раванди худмуайянкунӣ қисман ёрӣ мерасонад. Роли асосиро албатта ҳамсолон мебозанд. Наврасон бисёр вале рӯякӣ муошират намуда, масъалаҳои заруриро ҳал мекунанд: онҳо типҳои гуногуни одамонро мушоҳида мекунанд, худашонро бо онҳо муқоиса карда, ҳамин тавр “худро муайян” мекунанд. Инчунин дар ҳар намуди муошират моделҳои гуногуни рафторро истифода мебаранд. Ҳамин таҷриба имконият медиҳад, ки онҳо тарзи рафтори худро муайян намоянд.
Муаммои муқаррарӣ: падару модарон гумон мекунанд, ки муоширати кӯдак бо ҳама беҳад рӯякӣ мебошад, яъне ҷиддӣ нест. Дар охири синни наврасӣ ҳамаи он дигаргун мешавад. Наврас албатта аз шумора ба сифатнокии тарзи муошират мегузарад.
Хусусияти №2: хусусияти муошират бо ҳамсолон. Агар пештар мароми кӯдак баҳо гирифтан ва ба пешрафти хониш аҳамият додан бошад, дар синни наврасӣ бошад бештар барои бо ҳамсолони худ муошират кардан меравад. Барои наврас мактаб ҷои асосӣ ҳисобида мешавад, зеро дар ин ҷо шавқу рағбат, дӯстӣ, зиддияти якдигар, аввалин меҳру муҳаббат, пурҷӯшу хурӯш мегардад.Фаъолияти таълимӣ вазъи аввалин дараҷаи худро гум мекунад. Агар дӯстон ба якдигар наздик зиндагӣ кунанд, наврасро дар хона нигоҳ доштан амри маҳол аст. албатта барои падару модарон чунин рафтори наврасон маъқул нест. Вале синни наврасӣ на танҳо марҳилаи худмуайянкунӣ (барои ин муошират бо дигар наврасон барои ӯ ҳатман зарур аст).
Боз яке аз масъалаҳои асосии синни наврасӣ ин аз падару модар дур шуда, бештар бо ҳамсолони худ наздик мегардад. Онҳо нисбат ба волидайн , бо ҳамсолони худ бисёртар муошират мекунанд.
Муаммоҳои муқаррарӣ: падару модарон мехоҳанд, ки наврас ба ҳар гуна корҳои “беҳуда” вақти худро сарф накарда, аз паи хондан шавад. Албатта наврас пешрафти хонишро фаромӯш карданаш лозим нест. Дар ин синну сол манъкуниҳои аз меъёр зиёд ба мухолифатҳо оварда мерасонад.
Хусусияти №3: наврас дар гурӯҳ мавқеи худро муайян мекунад.
Гурӯҳи наврасонро дар ҳама ҷо маълум шуда меистад- онҳо баланд- баланд гап мезананд, механданд, бо якдигар шӯхӣ мекунанд, тӯда- тӯда шуда мегарданд. Роли гурӯҳи ҳамсолон барои наврас аҳамияти хоса дорад, зеро ӯ худро дар он тасдиқ мекунад.
Наврас дар ин синну сол бештар мустақил мегардад. Мувофиқи хоҳиш ва майли худ онҳо ба гурӯҳҳо ҳамроҳ мешаванд. Онҳоро хоббиҳои нав, мусиқаҳои дӯстдошта, тарзи либоспӯшӣ, мавқеи шаҳрвандӣ муттаҳид мекунад. Баъзеи наврасони “маҳаллаи худ” мутаҳҳид мекунад. Аҷибаш он, ки наврас кӯшиш мекунад ба аъзоёни гурӯҳ: дар тарзи либоспӯшӣ, сухангӯӣ, ҳатто чӣ гуна “фикр намудан ” ва чӣ гуна ҷавоб додан таасуб кунад. Бо ёрии гурӯҳ наврас кӣ будани худро дарк мекунад. Гурӯҳ ба наврас имконият медиҳад мавқеи ҳақиқии худро муайян кунад ва дар мавриди муайян метавонад гурӯҳро тарк кунад.
Хусусияти № 4: Бисёр муаммоҳо дар тарзи муоширати онҳо. “Бе пурсиш” наврас давраи муоширати худро васеъ мекунад. Бо шахсони нав муаммоҳои нав низ ба вуҷуд меояд, ба монандӣ: дар вақти ба наврас “зиён” расонидан чӣ шуда истодаро нафаҳмидан; ҳисси нотавонӣ ё қасосгирӣ дида мешавад. Ҳамаи ҳамин ҳолатҳо ҳам дар писарбачаҳо ва духтарбачаҳо ба вуҷуд меояд. Маҳз дар ҳамин синну сол наврасон идора кардани ҳолати агрессивии худро меомӯзанд. Дар ҳамин вақт, ки онҳо “амал кардан бо сухан”- ро ёд гиранд.
То саршавии давраи калонсолӣ онҳо бояд бисёр чизҳоро омӯзанд, зеро дар ҳаёти оянда онҳо тарзи бо одамон муносибат карданро ёд мегиранд. Барои олим шудан вақт ҳаст,вале барои одам шудан қонуниятҳои иҷтимоиро дарк намудан хеле мушкилтар аст.
Муаммоҳои муқаррарӣ: падару модаронро аз ҳолати эмотсионалии наврас дар хавотиранд. Ӯ барои ҳамаи чизу ночиз асабӣ шуда, табъаш хира мегардад. Ба нигоҳи калонсолон чунин аст. Барои наврас бошад ҳамаи чизҳо дар ҳақиқатанд душвор аст. Ба ғайр аз ин ӯ бояд бе ёрии калонсолон барои иҷрои он аз ӯҳдааш барояд.