г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj

Зӯроварӣ  байни наврасон (буллинг)

Зӯроварӣ байни наврасон (буллинг)

Байни  кӯдакон баъзан зиддиятҳои ҷисмонӣ дида мешавад. Дар синни наврасӣ бошад муносибатҳои зӯроварона бештар меафзояд. Чунин рафторҳои наврасон дар муассисаҳои таълимӣ, гурӯҳҳои варзишӣ, омӯзишӣ ба вуҷуд меояд. Онро буллинг меноманд.

Буллинг-( калимаи анлисӣ BULLY) буда, маънои таҳқир кардан паст  заданро дорад.

Таҳқири мунтазам дар мактаб, такроршавии зуроварӣ, таъна кардани як талаба ё як гурӯҳ мактаббачагон нисбати як хонанда, ки худашро  муҳофизат карда наметавонад буллинг номида мешавад. Ин террори равонӣ буда, буллер  ҷабрдидаро таъқиб мекунад, ӯро метарсонад, паст зада, хор  ва ё мутеъи худ мекунад.

Эҳтимоли зӯроварӣ дар ҳолатҳои зерин меафзояд:

  • Оғози таълим дар синфи якум;
  • дар вақти ба синф миёнаи мактабӣ гузаштан;
  • дар синф пайдо шудани хонандагони нав;
  • иваз намудани роҳбари синф;

 Хусусиятҳои буллинг– пешакӣ ва номунтазамӣ, қувваҳои нобаробар,тақсимоти возеҳи нақшҳо, буллинг худ аз худ тамом намешавад.

Нишонаҳои буллинг: он ду хел мешавад: ба назар намоён – таҷовузи ҷисмонӣ ва психикӣ (мушт, лағад, дағалӣ кардан ва ғ.)

Ба назар нонамоён- майли танҳо будан, бо дигар хамсинфон ҳамсӯҳбат нашудан, хоҳиши ба мактаб нарафтан, доимо афсурда хотирӣ, бесабаб тағйирёбии ҳиссиёт, паст шудани шавқ ба хониш

Намудҳои буллинг: шифоҳӣ  – таҳқир, тамасхур,  таҳдид, гайбат кардан.

Ҷисмонӣ – туф кардан, задан, чич (пучидан) кардан, лағад задан, тела додан, пешпо кардан, каҷ кардани дастҳо, ҳар амали дигаре, ки боиси дард ва ҳатто зарари ҷисмонӣ, фаъолияти ҷинсӣ, дуздӣ ё қасдан зарар расондан ба молу мулки шахсии ҷабрдида мебошад.

Иҷтимоӣ (психологӣ) – имову ишораҳои таҳқиромез ё амалҳо, нодонӣ, даст кашидан аз муошират, хориҷ шудан аз бозӣ, тамаъҷӯии пул, ғизо, ашё ё маҷбуркунӣ

Кибербуллинг – зӯроварӣ бо истифода аз гаҷетҳо ва интернет, SMS, почтаи электронӣ, шарҳҳои таҳқиромез, паҳн намудани маълумоти шахсӣ, интиқоли паёмҳо, аксҳо ва видео таҳқиромез, хашмгин кардан, бартараф кардани задухӯрдҳо таъқиб ва нашр дар шабакаҳо.

 Иштирокчиёни буллинг –  дар буллинг сарвар буллер, пайравон, писандидаҳо, писандидаҳои беҷуръат, бепарвоён, ҳимоячиёни боқудрат, ҳимоячиён ҳастанд.

Буллер кист? Кӯдаконе, ки дар оила салоҳияти падару  модар надоранд. Ба онҳо  муҳаббат, ғамхорӣ ,таваҷҷӯҳи калонсолон намерасад, намедонанд, ки эҳтиром чист? Гуноҳашонро ба сар намегиранд, ҷабрдидаро гунаҳкор мешуморанд (айби худаш буд. Мо маҷбур нестем, ки бо ӯ сӯҳбат е бозӣ кунем. Мо шӯхӣ кардем. Ӯ шӯхиро намефаҳмад).

Бо дигар одамон муоширати хуб надорад бо ҳама ҷанг карда, суханони қабеҳ мезананд, амалҳои қонун вайронкунӣ низ дар онҳо дида мешавад( бо худ маводҳои зараррасон мегирад, тамоку истифода мебаранд, ба мактаб ҳама вақт ҳозир намешаванд, пешрафти донишашон суст). Дар онҳо худбаҳодиҳии миёна ё паст дида мешавад. ( худро мехоҳанд ба ҳама нишон диҳанд)

Ҷабрдида кист? Кӯдаки аз ҷиҳати равонӣ ва ҷисмонӣ заиф аст, тарсончак, сустирода, сустхон,ки ба таҳқири аз тарафи буллер шуда, муқовимат карда наметавонад.

Пайравон, писандидаҳо– хонандагон, ки аз тарафи  онҳо низ таҳқир дида мешавад, яъне онҳо рафторҳои буллерро дастгирӣ карда, ёрдамчӣ мешаванд, ин сабаби боз зиёд гардидани алами ҷабрдида мегардад.  Буллер дар назди тамошобинон худро боз ҳам  зиёдтар нишон медиҳад.

 Бепарвоён – шахсоне, ки бетарафӣ зоҳир мекунанд ва умуман ба ин рафторҳо ҳамроҳ намешаванд. Аз ҳимояи ҷабрдида метарсанд. Тарси онро доранд ки таҳқиргар  (агрессор) хашмашро ба сари онҳо низ равона мекунад.

Ҳимоячиён –низ дар гурӯҳ ҳастанд, ки онҳо рафиқи наздики ҷабрдида ҳастанд, ӯро дастгирӣ мекунанд, вале шумораи онҳо кам аст

Мушоҳидагароне ки ба ҷабрдида кӯмак мекунанд метавонанд руҳияии ҷабрдидаро баланд бардоранд  ва ӯ худро муҳим ҳис  кунад.

Нақши калонсолон – Агар ҷабрдида ба таҳқир зиддият нишон дода натавонад ӯ ба ин ҳолат ё ҳодисаҳое, ки ба сараш меояд, одат мекунад яъне қабул мекунад. Шароити психологии коллектив бад мешавад шахсони ғайрифаъол дар ҷомеа афзоиш меёбад. Муҳим аст, ки муаллим ба кӯдакон кӯмак кунад, ки ҳисси мусбат, мухити ёрии хамдигарй дар синф нигоҳ дорад,  ҳолатҳои таҳқиромезро барои бартараф намудан кӯшиш кунанд.

Ҳодисаҳои таҳқиромез ҳодисаи оддӣ набуда, он боиси пайдошавии бисёр ҳодисаҳои нохуш шуда метавонад

Мифҳои маъмул дар бораи буллинг

№1Таҳқир дар ҳама гурӯҳҳои иҷтимоӣ дида мешавад.

№2 Таҳқир кардан ин  як ҷузъи муқаррарии калоншавӣ буд ва мемонад.

№3 Кӯдаконе ҳастанд ки ҳатман бо таҳқир рӯ ба рӯ мешаванд

№ 4 Худашон байни худ ҳал мекунанд

Сабабҳои асосии буллинг .                                   

  • Буллинг дар он гурӯҳе пайдо мешавад ки барои таҳқир кардан , муҳити мусоид дорад. Аъзоёни гурӯҳ хеле асабӣ ва сатҳи баланди изтиробнокӣ дида мешавад. Онҳо мавқеи худро дар коллектив намефаҳмад ва бо роҳи таҳқиркунӣ, зӯроварӣ мехоҳанд худро нишон диҳанд 

Ғалаба бар буллинг.  Тавсияҳо:                                           

Буллинг дар дохили як система руй медиҳад ва онро бояд аз рӯйи системаи муайян ҳал кунем

  • Корҳои инфиродӣ бо иштирокчиёни буллинг (бо агрессор (таҳқиркунанда) , ҷабрдида, пайравон, бепарвоён,ҳимоятгарон.
  • Корҳои берун аз синфӣ бо аҳли синф
г.Душанбе, р.И.Сомонӣ, ул. Пулода Толиса 5, дом.10/11. info@ygt.tj +992 44 6206146
X